Свернуть поиск
Правая колонка
МАРҲАМАТ ХОНЕД:
Як марде ғуломе дошт. Ба ғуломи худ фармуд :
- Рафта гандум бикор. Ғулом майлаш гуфту рафта ҷав корид. Баъди якчанд вақт мард рафту дид, ки ғулом ҷав коридааст. Ба ғулом гуфт: - Ту девона ҳасти, ман ба ту гуфтам, ки гандум бикор вале ту ҷав кориди. Ғулом гуфт ман ҷав коридам, аммо гандум меруяд. Мард гуфт: - Ин имкон надорад, ки ту ҷав корию гандум бидарави. Ғулом гуфт:
- Пас шумо мусалмонон чаро намоз намехонед вале мегуед ба ҷаннат меравам, ман сатр намекунам вале Худо меҳрубон аст, ман аъмоли нек намекунам вале хайр аст. Дар ин дунё намоз намехони, аҳкоми Аллоҳ - ро татбиқ намекуни, аммо мегуи, ки ма ба ҷаннат мерам. Дар ин дунё, ки намоз хонди баъд дар ҷаннат дарахте барои ту мешаваду боғе дар ҷаннат мешавад. Дар ин дунё ҳеҷ кори хайре намекунию боз дар онҷо тақозо мекуни. Девона ма ҳастм ё шумо ? Ин мард фаҳмид, ки ин ғулом бисёр ҳушёр аст, рост мегуяд. Аз мукофоти амал ғофил машав.
Гандум аз гандум бируяд, ҷав зи ҷав..!
************************************************************************************** ok.ru/www.abubakr.tj

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев