Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
Гузарам ҳар шабу ҳар шаб Бахудо суи ту буд.
💔
Чанд соле аст ки атре ба машомам нарасид,
Гул, ки бисёр вале боби дилам буи ту буд.
💔
Рафти ва рузу шабам зулмату торики шуд,
Маҳи шабҳои сиёҳам ҳама аз руи ту буд.
💔
Ман ғазалҳо месурудам, мадҳи абруи камон,
Тири афтода ба ҷонам хами абруи ту буд.
💔
Чи дуоҳое, ки нашуд баҳри фаромуши ту,
Лек ман, руҳу равонам ҳама ҷодуи ту буд.
💔
Ба тамошои ҷаҳон гарчи сафарҳо кардам,
Хуштарин лаҳза ҳамон дам гузар аз куи ту буд.
💔
Сари бебок, ва натарс ҳам агар рузе буд
Дили ман гарми ту ва такя ба паҳлуи ту буд.
💔
Банд ҳам дастаи худро чи ғарибона бурид,
Ки ба дорам зад, ва ҳалқа чу гесуи ту буд.

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев