Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
Миёни шеъри пурдардам,
Бидон ман байни ашъорам! Ҳамеша гиря мекардам.
Бидон ҳар масири ишқро ман ба хуни дил вузуъ додам,
Ва ҳар шаб бо худам гуфтам! Чаро ман дил ба у додам.
Агар дар байни ашъорам! Дилат ларзид нолиди
Ва ё ному нишоне аз мани озурда пурсиди,
Бидон ман ошиқе будам, ки дар ашъори худ гум шуд,
Ду хат аз дарди худро гуфт! Асири ҳарфи мардум шуд.
Агар шеъри маро хонди! Ва ҳолат мисли ҳолам шуд,
Бидон ин шоири ғамгин фақат расвои олам шуд.
Ман аз дарди дилам гуфтам ту ҳам мехониву мери,
Ба ҳарфам мераси охир..! Шабе дар охири пири.
Агар шеъри маро хонди ва дардамро нафаҳмиди,
Далели ҳиқ ҳиқам дар шеър сурудамро нафаҳмиди.
Шабе мефаҳми охири сар ки буғзатро бағал карди,
Шабе, ки беқалам ҳатто, набудашро ғазал карди..

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев