Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
Имруз Падари мехрубонам,ки хеле чавон аз олами бевафо чашм пушидан ба синни 41 кадам мегузоштанд,бо сад алам имруз зодрузи падарамро мо ахли оила ёдбуд мекунем.
Падар -кандили хонадон , шахси муқаддас аст.
Вақте, ки симои падари азизам пеши назар меояд, аз чашмони ӯ аз тамоми ҳастии вай нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаётамонро равшан месозад. Падар офарандаи ҳаёту мамот буда, аз ҳама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои Падар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад.
Падаричонам! Туро ёд кардам, дар танҳои шабҳо чашм мепӯшам суханони пандомез ва садои хандаҳоят ба гӯш мерасад. Вақте чашм мекушоям ин садо хомӯш мегардад, зеро ин садо тасаввур аз хотиротам буд. Туро ёд кардам падарчон, чӣ гуна суханҳое бароят бигӯям то ту дар наздам ҳозир шавӣ ва туро оғӯш гирам сарамро болои китфонат гузораму бо шумо сухбати ширине кунаму аз дидори шумо сер шавам. Оҳ Падарчонам! Чашмонам аз ёди ту ҳамеша нам ҳастанд. Чӣ қадар вазнин, чӣ қадар мушкил ин дурӣ аз ту, туро ёд кардам вале ҳайҳот,ки умри инсонят бозгашт надорад мо ба сӯйи шумо бо роҳи шумо равонаем.
То вактеки,ҷон дар бадан дорам ба ёди чунин,падари ғамхору меҳрубон,азизу воло,далеру ҷасур,хоксору ҳалим месӯзаму месозам.
Дар даст калам дорам,
Дар дил алам дорам.
Бо ёди падари мушфик,
Дар сина шарар дорам
Падарчони азизу меҳрубонам шукри Парвардигори оламиёнро мекунам,ки фосилаи каме,ки дар зиндаги бо мо буди аз шумо бисёр чизро омухтем ва то ҳол сармашки кору зиндаги худ кардаем. Падари азизи мо рафт ва ҳама шодиии дунёро бо худ аз мо рабуд. Дигар ин дунёи рӯшан бо ҳама зебогиву сарсабзиву айшу нишоташ барои ман як зиндон шуд, зиндагӣ бароям рангу бӯй ва маънияшро гум карда буд.
Дигар дарду алами дилҳои хунчакону ҷигарҳои сӯхтаи мо фарзандон дар ду олам намеғунҷад. Мусибати гарон ва ғаму андӯҳе, ки болои сари хонадони мо омад, миёни мо фарзандон ва Модари меҳрубонамонро ботамом шикаст.Ҳарчанд тақдири Худоро чора нест ва банда бояд пеши тақдири кашидаи Холиқаш мутеъ бошад, вале боз ҳам бо гузашти беш аз чандин мох, наметавонам бе дард ва бе оби дида он мусибати гарон, дарди бепадарирро таҳаммул кунам.Падарҷон, ман ҳама умр ба ёди ту месӯзаму месӯзам, аз ҳар куҷо нишони туро меҷӯяму меҷӯям.Падарҷон, илоҳо ҷоят ҷаннат, рӯҳат шод, манзили охиратат ободу пурнур бошад! Мо фарзандон имрӯз аз надоштани Падарҷони дилбанд ҷигархуну озурда ҳастем, вале шукр аз он мекунем, ки Модари меҳрубон дорем ва чун чароғи хонадони мо Падар бирафт, пеши Худо дуо мекунем, ки Модари азизамонро, сутуни хонадони моро нигаҳбон бошад!
Водареғ!Ба хукми аҷал чора чист?
Мутеъ нагашта ба ҳуқми аҷал кист?
Худо доду,Худо гирифт ҷони он,
Ба моён тасалло деҳ,Худои Субҳон!
Бирезад дар сари қабри ту оби дидахои ман
Расад бар гуши арвоҳи ту Алҳамду дуои ман.
Ту хомуши қатори рафтагони хоки хомушон,
Вале дар чони ман хасти хамеша хамсадои ман.

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев